Course content 

Дарси 1 – Намудҳои муҳоҷират

Content Test

Машғулияти 1 – Намудҳои муҳоҷират

МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ– МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Пас аз чанд мулоҳизаҳои муқаддимавӣ, вақти он расидааст, ки ба омӯзиши бахши аввали ин курси омузишӣ гузарем.

Курси мазкур масъалаҳои асосии марбут ба муайянкунандаҳо, оқибатҳо ва идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзиро муаррифӣ ва муҳокима мекунад. Фаҳмидани он ки муҳоҷират чист - киҳо муҳоҷират мекунад, аз куҷо меоянд ва дар куҷо зиндагӣ мекунанд - ва сабаби муҳоҷират чист - метавонад ба фаҳмиши шумо дар бораи масъалаҳои муҳим, аз қабили амнияти миллӣ, иқтисод, тағирёбии иқлим, саломатии ҷаҳонӣ ва ғайра таъсир расонад.

Дар ин бахши муқаддимавӣ мо дар бораи “муҳоҷир” кист ва “муҳоҷирати меҳнатӣ” чӣ маъно дорад, маълумот  хоҳем овард.

Сипас, дар ин бахш мо дар асоси адабиёти мавҷудаи тадқиқотӣ дар бораи омилҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасӣ мекунем. Фаҳмидани омилҳои муҳоҷирати меҳнатӣ калид барои муҳокимаи ҳам оқибатҳои муҳоҷират ва ҳам воқунишҳои сиёсӣ дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Ниҳоят, ин бахш шарҳи мухтасари маълумоти мавҷударо оид ба ҷараёнҳои ҷаҳонии муҳоҷират ва захираҳо бо таваҷҷӯҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ пешкаш мекунад. Тавре, ки мо мебинем, бисёре аз кишварҳои пешрафта дар давоми се даҳсолаи охир муҳоҷирати кориро аз сар гузаронидаанд.
Муҳоҷирати меҳнати чист?

Муҳоҷират барои одамон, кишварҳо, иқтисодҳо ва ҷаҳон маъноӣ гуногун дорад

Муҳоҷирони байналмилалӣ-шахсоне, ки ихтиёран ё ғайриихтиёрӣ аз як кишвар ба кишвари дигар рафтаанд

Одамоне, ки аз як кишвар ба кишвари дигар мекӯчанд, муҳоҷирони байналмилалӣ мебошанд.

Муҳоҷири байналмилалӣ - шахсест, ки ихтиёран ё ғайриихтиёрӣ аз як кишвар ба кишвари дигар меравад. Муҳоҷири байналмилалӣ истилоҳи умумиест, ки муҳоҷирони иқтисодӣ, гурезагон ва паноҳҷӯёнеро, ки бо сабабҳои гуногун ҳаракат мекунанд, фаро мегирад

Муҳоҷири иқтисодӣ, гуреза, паноҳҷӯ

Фарқи байни гуреза ва муҳоҷири иқтисодӣ дар чӣ аст?
Мафҳуми умумии «муҳоҷири байналмилалӣ» дар худ ҳам мафҳуми муҳоҷирони иқтисодиеро, ки дар ҷустуҷӯи имконияти беҳтари иқтисодӣ, ватанашро тарк мекунанд ва ҳам гурезаҳоеро, ки дар асари низоъ, ҷанг ё таъқиб ва тарс аз амнияти худ дар сурати бозгашт ба ватан фирор мекунанд, фаро мегирад.


Ин тафовутҳо муҳим аст, зеро муҳоҷирон баҳс аз руи он ба ҳуқуқҳо ва ҳимояҳои муаян аз ҷониби кишварҳои қабулкунанда ва созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ чист?

Муҳоҷирати иқтисодӣ ё муҳоҷирати меҳнатӣ одатан ҳамчун ҳаракати одамон аз як давлат ба давлати дигар бо мақсади дарёфти шуғл, фаҳмида мешавад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам муҳоҷирони кӯтоҳмуддат ва ҳам дарозмуддат ва коргарони мавсимиро дар бар мегирад.

«Муҳоҷири меҳнатӣ» шахсе мебошад, ки дар кишваре, ки шаҳрванди он нест, ба фаъолияти музднок машғул аст. Дар баъзе кишварҳо, аз қабили Ироқ ва Бангладеш, онҳоро мутаносибан коргарони хориҷӣ ё муҳоҷир меноманд.
Беҳтарин имкониятҳо 

Ман дар ҷустуҷӯи имконоти беҳтар ба хориҷа рафтам. Дарёфти кор дар Тоҷикистон мушкил буд, ва ман барои дарёфти шароити беҳтар, кушиш мекардам. Ман мехостам ҷои корро иваз кунам ва кори беҳтаре ёбам. Ман барои беҳбудии шароити оилаам зиёд меҳнат мекардам, то ба волидонам, ки қарздор буданд, кумак расонам. Ман мехоҳам ба падару модарам пиронсолӣ ва бидуни мушкилии молӣ ба нафақа баромаданро, муҳаё кунам.

Муҳоҷирати меҳнатӣ чист?

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷустуҷӯи имконияти дарёфти кор дар хориҷи кишвар ҳастанд.

Муҳоҷирони иқтисодӣ ё муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарияти муҳоҷирони ҷаҳонро ташкил медиҳанд, ба таври васеъ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: онҳое, ки дар кишваре, ки муҳоҷират мекунанд, барои кор иҷозат доранд ва онҳое, ки иҷозат надоранд.

Дар аксари мавридҳо, аз муҳоҷирон барои зиндагӣ ва кор дар кишвари нав иҷозатнома талаб мекунанд. Бисёре аз муҳоҷирони иқтисодӣ ин иҷозатномаро тавассути дархост барои раводид ё бо тартиби дигаре, ки кишвари қабул муқаррар кардааст, мегиранд. Пас аз он ки иҷозатнома дода шуд, онҳо аз ҳуқуқҳои зиндагӣ ва кор дар кишвари қабулкунанда метавонанд истифода баранд.


Вақте, ки одамон бидуни иҷозат ва ё риоя накардани таҳримҳои (санкцияҳои) муаяни  ҳукумати он кишвар, ба он ҷо муҳоҷират мекунанд, онҳо метавонанд аз ҳуқуқҳои худ маҳрум шаванд ва худро дар ҳолати ногувор қарор диҳанд. Ин гуна муҳоҷиронро аксар вақт бо сабабҳои сиёсӣ бо мафҳумҳои гуногун ишора мекунанд: муҳоҷирони ғайриқонунӣ ё муҳоҷирони ғайрирасмӣ.

Маълумоти олӣ 

"Ба Россия рафтани ман бо хоҳиши идомаи таҳсилам буд. Ман фикр мекардам, ки дар Россия ҳама чиз беҳтар аст, ҳам аз ҷиҳати шароити кор, истироҳат, захираҳо ва ғайра.

Илова бар ин, мо дар дохили кишвари худ барои дарёфти кор рақобати зиёд дорем, иқтисоди кишоварзӣ дорем ва дар аксари мавридҳо аз руи мафкура ва мавқеъи насли имрӯза роҳнамоӣ мекунем – қабули тарзи зиндагӣ дар Россия ба назарамоннишонаи муваффақият ва комёбиҳост"


Оё категорияҳо ва профилҳои гуногуни муҳоҷирон вуҷуд доранд, ки шумо бояд бо онҳо шинос бошед?

Одамон аз ҳарвақта дида бештар муҳоҷират мекунанд, ки барои шахсони алоҳида, кишварҳо ва ҷаҳон мушкилот ва имкониятҳои зиёде пеш меорад. Холо зиёда аз 270 миллион нафар одамон берун аз мамлакати таваллудашон зиндаги мекунанд. Аксари онҳо муҳоҷирони иқтисодӣ ҳастанд, ки барои дарёфти ҷои кори беҳтар ва имконоти иқтисодӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд. Онҳо инчунин аз таъқибот гурехтаанд, ки ин аксар вақт сарҳади байни муҳоҷирони иқтисодӣ ва гурезаҳоро норавшан мекунанд. Аммо фарқияти байни онҳо оқибатҳои ҷиддӣ дорад.

Муҳоҷирати берунӣ, муҳоҷирати бозгашт, муҳоҷирати мавсимӣ  

Ҳамин тариқ, одамон бо сабабҳои зиёд ҳаракат мекунанд ва намудҳои муҳоҷирати одамон инҳоянд:

  • муҳоҷирати хориҷӣ: кўчидан ба кишвар ё қитъаи дигар;

  •  муҳоҷирати бозгашт: баргаштан ба он ҷое, ки аз ҷой омада  буд;

  • муҳоҷирати мавсимӣ: ҳаракат бо ҳар мавсим ё вобаста ба шароити меҳнат ё иќлим.

Аксар вақт маҷмӯи ин омилҳо одамонро барои тарк кардани макони доимии худ ва ҷустуҷӯӣ макони нав водор мекунанд. 

Муҳоҷирати ихтиёрӣ ва маҷбурӣ 

Боз як фарқияти дигар байни мафҳумҳои муҳоҷирони ихтиёрӣ (бо хоҳиш ва ташаббуси худ муҳоҷират кардаанд) ва муҳоҷирони маҷбурӣ (аксар вақт дар натиҷаи истисмор) дида мешавад. Фарқияти дигар байни муҳоҷирони муқаррарӣ ва ғайриқонунӣ (онҳое, ки бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор ба кишвар ворид мешаванд ё онҷо мемонанд) оварда мешавад.

Муҳоҷирати ихтиёрӣ ин муҳоҷирати бошууронаест, ки одамон дар ҷустуҷӯи манзили беҳтар, имконоти шуғл ва ояндаи бехатар аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчанд. Муҳоҷирати ихтиёрӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки муҳоҷир омилҳои мусбӣ ва манфии ҷойе, ки ба он кўчиданаш пешбинӣ шудааст (омилҳои чалбкунанда ва теладиҳанда) таҳлил мекунад.

Муҳоҷирати иҷборӣ (маҷбурӣ) як ҳаракати муҳоҷиратест, ки дар он одамон бо омилҳои мухталиф, аз ҷумла таҳдид ба ҳаёт ва набудани воситаҳои зиндагӣ, ки аз сабабҳои табиӣ ва инсонӣ бармеоянд (масалан, муҳоҷирати гурезаҳо ва дохилӣ) маҷбур мешаванд, ки кишвари мизбонро тарк кунанд. Шахсони беҷошуда ва одамоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё экологӣ, офатҳои кимиёвӣ ё атомӣ, гуруснагӣ ё дар доираи лоиҳаҳои рушд, овора шудаанд).

Ҷойивазкунии дохилӣ  
(кучидани дохилии шахс аз ҷое ба ҷои дигар)

На ҳама муҳоҷирон омодаанд ё қодиранд, ки ватани худро тарк кунанд. Муҳоҷирони дохилӣ яке аз калонтарин гурӯҳҳои муҳоҷиронро ташкил медиҳанд ва хеле осебпазиранд. Ҳукуматҳои кишварҳои аслӣ вазифадоранд, ки муҳоҷирони меҳнатиро муҳофизат кунанд, аммо аксар вақт манбаи муноқишаҳо ё таъқибҳое мебошанд, ки онҳо аз он фирор мекунанд.

Шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон   

Дар байни солҳои 1990 ва 2019 шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон тақрибан 119 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Ин афзоиш аз соли 2005 суръат гирифт. Дар ҳоле, ки шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ дар байни солҳои 1990 то 2005 тақрибан 39 миллион нафар, аз 153 миллион ба 192 миллион афзоиш ёфтааст, дар байни солҳои 2005 то 2019 тақрибан 80 миллион нафар афзоиш ёфтааст.

Ҷойгиршавии муҳоҷирон

Гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муҳоҷират (СММ, 2019) нишон медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумораи бештари муҳоҷирони байналмилалиро (51 миллион) мизбонӣ мекунад, ки тақрибан 19 фоизи шумораи умумии муҳоҷирони ҷаҳонро ташкил медиҳад. Олмон ва Арабистони Саудӣ аз рӯи шумораи муҳоҷирон (ҳар кадом 13 миллион) дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд. Дар байни солҳои 1990 ва 2019 шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ аз 8,1 миллион дар Арабистони Саудӣ ба 7,3 миллион дар Аморати Муттаҳидаи Араб афзоиш ёфтааст.

Тақрибан аз се як ҳиссаи муҳоҷирони байналмилалӣ, бештар ба даҳ кишвар таалуқ доранд. Муҳоҷират – кӣ, ба куҷо ва барои чӣ муҳоҷират мекунад – пайваста инкишоф меёбад. Намудҳои муосири муҳоҷират, метавонанд бисёр чизҳоро дар бораи заминаи васеътари ҷаҳонӣ, аз имкониятҳои иқтисодӣ то бӯҳронҳои башардӯстона инъикос кунад. Аммо ин раванд, инчунин метавонад тасаввуротро дар бораи оянда дар ҷаҳоне, ки бо роҳи муҳоҷирон шакл мегирад, тасвир кунад.

Шумораи шахсоне, ки аз Тоҷикистон ба хориҷа рафтаанд?

Тибқи маълумот оиди ба бақайдгирии вуруд ва баромади шаҳрвандон, аз сарҳади давлатӣ дар соли 2020, дар шароити пандемияи COVID-19 ва бастани сарҳадҳо, 129,807 муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз кишвар ба хориҷа рафтанд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба 401,076 нафар кам шудааст (4,1 маротиба камтар). Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 117,912 нафар ба Федератсияи Россия ва 4,574 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд.

Ҳамзамон, дар ин давра 217,999 муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 268,650 нафар (2,2 маротиба) камтар аст (тибқи омори ҶТ).

Яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба даст овардани имкониятҳои бештар барои муҳоҷирати расмӣ ё қонунӣ, ба мисли муҳоҷирати меҳнатӣ, барои ҳалли мушкилот бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад.


Кӣ муҳоҷират карда метавонад?

Ҳар як инсон барои озодона аз ҷое ба ҷое рафтан ҳуқуқ дорад. Бо вуҷуди ин, ҳуқуқи сафар ба хориҷа одатан бо мавҷуд будани шиносномаи эътиборнок, раводиди эътиборнок ва иҷозати сафар ба хориҷа вобаста аст. Дар аксар мавридҳо, барои ворид шудан ба кишвари дигар муҳоҷирон бояд барои гирифтани раводид муроҷиат кунанд. Барои гирифтани раводид муҳоҷирон бояд аз якчанд намуди санҷишҳо гузаранд (яъне онҳо бояд шаҳодатномаи муоинаи тиббӣ, шартномаи меҳнатии эътиборнок, шаҳодатнома оид ба надоштани доғи судӣ дошта бошанд). Онҳо, вобаста ба гурӯҳе, ки ба он тааллуқ доранд, бояд ба меъёрҳои муайяни воридшавӣ мувофиқат намоянд.

Бо дарназардошти шароити реҷаи бераводиди Тоҷикистон, бахусус бо Федератсияи Россия ва Қазоқистон, ҳамчун кишварҳои асосии таъиноти муҳоҷирони меҳнатӣ, мавҷуд будани раводид лозим нест. Вале ҳамзамон, шартҳои кишварҳои қабулкунанда оид ба мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои муайян бояд риоя карда шаванд.

Барои чи одамон ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд?

Зиёда аз 270 миллион нафар одамон — такрибан як нафар аз ҳар 30 нафар одами руи замин — ҳоло дар мамлакате зиндаги мекунанд, ки онҳо дар он таваллуд нашудаанд. Бо дарназардошти он, ки айни ҳол шумораи одамоне дар муҳочират буда меафзояд, донистан муҳим аст, ки муҳоҷирро чӣ водор мекунад  ин роҳро пеш гирад. Зеро ин омил эҳтимолияти муҳоҷир шудани ӯ, ва ҳамчун муҳоҷир монданро дар тӯли тамоми умри худ, зиёд мекунад.

                          Қиссаи як муҳоҷир
"Рости гап, ману ҳамсарам (ҳарду коригарем) асосан аз сабаби фишори ҷомеа ва оила ба Полша кӯчидем. Мо аз соли 2015 имконияти кучидан ва мустақил буданро доштем, ва борҳо барои кор ба Россия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ сафар кардем, аммо боз баргаштем, зеро ба ҳардуи мо он қадар маъқул набуд. Ниҳоят, аз сабаби фишори ҷомеа, мо дар соли 2021 ба Полша кӯчидем".

"Мо бо роҳи табиӣ ҳомиладор шуда наметавонистем ва бо назардошти он, ки ҳадафҳои муаяни зиндагии худро доштем, мо аз вазъиятамон қаноатманд будем. Аммо хешу табор ва ҳамсояҳо бо ҳар сабаб ҳамсарамро пайваста таҳқир мекарданд. Интихоби мо ба онхо тамоман равшан набуд. Дар хориҷа одамон тарзи зиндагии моро зери шубҳа намегузоранд. Ин барои ҳардуи мо хело осонӣ ва оромиро овард".

Барои чи одамон ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд?

Сабабҳои зиёде ҳастанд, ки одамон мехоҳанд аз як ҷой ба ҷои дигар кӯчида раванд. Инҳо метавонанд сабабҳои иқтисодӣ (бекорӣ, норасоии қувваи корӣ, маоши кам), иҷтимоӣ (набудани хизматрасонии гуногун, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат) ва ё экологӣ бошанд. Ба муҳоҷират одатан омилҳои пешбаранда ва ҷалбкунанда таъсир мерасонанд. Омилҳои пешбаранда – сабабҳое мебошанд, ки боиси қабул кардани қарор оиди кӯчидан мегарданд (масалан, кор нест). Аз дигар тараф, омилҳои ҷалбкунанда интизориҳое мебошанд, ки одамонро ба ҷои нав ҷалб мекунанд (пешниҳоди кор, мавҷудияти хешовандони наздик, хоҳиши сафар кардан ва ғайра).

                        Қиссаи як муҳоҷир

"Аксари амакбачаҳои ҳамсарам низ дар хориҷа маскан гирифтаанд. Волидайнаш бавосита истинод карданд, ки ҳарду фарзандонашон (ҳамсари ман ва бародараш) дар Тоҷикистон монанд. Ин ҳамсарамро хеле ба ташвиш овард, зеро вай ҳис мекард, ки волидонашро рӯҳафтода кардааст"

Давраҳои гуногуни муҳоҷират, ки аз онҳо бояд гузаред, кадомҳоянд?

Давраи муҳоҷират марҳилаҳои гуногуни ҷараёни муҳоҷиратро дар бар мегирад, аз он ҷумла ба сафар баромадан, дар баъзе ҳолатҳо гузашти транзитӣ аз ягон кишвар, муҳоҷират ба давлати таъинот ва бозгашт ба Тоҷикистон. Дар поён баъзе мушкилотҳое оварда шудаанд, ки дар марҳилаҳои гуногуни муҳоҷират ба вуҷуд омада метавонанд.



Views
2656 Total Views
8 Members Views
2648 Public Views
Мубодила даршабакаҳои иҷтимоӣ
Мубодилаи пайвандак
Барои мубодила дар шабакаҳои иҷтимоӣ истиноди доимиро истифода баред
Мубодила ба тариқи почтаи электронӣ

Please login to share this webpage by email.