Дар бораи модулҳои онлайн


Хуш омадед ба платформаи модулҳои онлайн барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, Афғонистон, Бангладеш, Ироқ ва Покистон!

Қарори шумо оиди кору фаъолият дар хориҷа ба ҳар як қарори дигари ҳаёти шумо шабеҳ дорад: боварӣ ҳосил кунед, ки ҳадафи худ ва чӣ гуна ба он ноил шуданро медонед. Имконияти гирифтани маоши калон ҳангоми кор дар хориҷа хеле ҷолиб ба назар мерасад. Аммо, барои қабули қарор дар бораи сафар ба ҷои дигар, ба шумо омӯзиши амалӣ ва нақшаи хуби чунин сафар ба кишвари нав лозим аст, то ташвишҳо ва тарсҳои шумо ба воқеият мубаддал нашаванд.

Ин модулҳои гуногун барои муҳоҷирони аз ҷониби Маркази Байналмилалии Рушди Сиёсати Муҳоҷират (ICMPD) дар доираи лоиҳаи “Такмили идоракунии муҳоҷират дар кишварҳои Роҳи Абрешим” бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Ин маълумотест, ки ба шумо барои қабули қарори огоҳона дар бораи кор дар хориҷа лозим аст. 

Модулҳо аз се қисм иборат буда, ба се давраи асосӣ ё доираҳои муҳоҷират, бахусус муҳоҷирати меҳнатӣ бахшида шудаанд:

a)    пеш аз муҳоҷират ё то пайдо намудани ҷои кор ва ё дар вақте, ки шахс дар раванди ба даст овардани маълумоти иловагӣ дар бораи имкониятҳои худ дар кишвари интиқолкунанда қарор дорад ва омода аст, ки қарор дар бораи зиндагӣ ва кор кардан дар хориҷа қабул намояд. Барои мухтасар номи ин ҳуҷҷат ДОАРПС мебошад.

b)    пеш аз рафтан, вақте, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар холате барои сафар рафтан ҷиҳате кор кардан дар хориҷа қарор дорад, талаботҳои умумиро иҷро намуда ба монанди гирифтани мӯҳри давлатӣ дар шиноснома (барои Покистон) ё додани корти SMART (барои Бангладеш). Барои мухтасар номи ин ҳуҷҷат ДОМРПС мебошад.

c)    баъди расидан, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба шартҳои нави меҳнат ва ҳает дар ҷои кор ё дар кишвари таъинот мутобиқ мешаванд. Минбаъд барои мухтасар номи ин ҳуҷҷат PAOS мебошад.

Ин се модул барои Афғонистон, Бангладеш ва Покистон бо забонҳои дахлдори миллӣ (дари, бенгалӣ ва урду) дастрас ҳастанд. Барои Тоҷикистон ду модул – 1) пеш аз муҳоҷират ё то пайдо намудани ҷои кор ва 2) пеш аз рафтан. Онҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас ҳастанд. Барои Ироқ, ки кишвари таъинот барои коргарон-муҳоҷирон мебошад, бо забони арабӣ танҳо модули пас аз расидан дастрас мебошад.

Дар ин Дастур, шумо маълумотро дар бораи омилҳое, ки ҳангоми қабули қарор дар ҷустуҷӯи кор дар хориҷа ба назар гирифта мешаванд, хоҳед ёфт; чӣ гуна ва чаро оилаатонро бояд ба назар гиред; маслиҳат оид ба интихоби кишвари таъинот ё агентии шуғл; ҳангоми кор дар хориҷа “кадом корҳоро мумкин ва камод корҳоро кардан мумкин нест”; муҳоҷирати бехатар, қонунӣ ва муташаккилона аз Тоҷикистон; инчунин хавфу хатарҳо ва оқибатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷалби ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон, қочоқи одамон ва дигар мушкилоти марбут. Самти махсус ба хусусиятҳои кор ва нигоҳубини хона, инчунин ба мушкилоте, ки коргарон ва занони баландихтисос дар ҷараёни муҳоҷират дучор мешаванд, бахшида шудааст. 

Онҳо низ маслиҳатҳои муфид оид ба тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ ва кор дар хориҷаро дар бар мегиранд ва фарогири масъалаҳои вобаста бо кор таъминкунӣ, иҷозатҳо, раводидҳо, зиндагӣ ва таъмин бо хӯрок, хизматрасониҳои нақлиётӣ ва молиявӣ, тиббӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ, қонунҳо ва тартибот, хизматрасонии давлатӣ, шабақаҳои дастгирӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мебошанд.

Азбаски ҳангоми қабули қарори кор дар хориҷа, кас маҷбур аст, ки муносибати худро нисбати кор ва будубоши худ дар хориҷа тақозо диҳад, тавсия медиҳем, ки шумо ин дастурҳоро хонед ва агар имкон бошад, аз фурсат истифода бурда, дар яке аз курсҳо, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ё Марказҳои захиравии муҳоҷирон ё аз ҷониби сафорат, консулгарӣ е ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳо барои муҳоҷирон пешниҳод карда мешаванд, иштирок кунед.

Мо тавсия медиҳем ки аз модули ДОАРПС оғоз намоед, баъдан ДОМРПС ва дар охир PAOS.

Ин дастур ҳуҷҷатест, ки ҳангоми дастрас шудани иттилоот, сиёсатҳо, барномаҳо ё хидматҳои марбут ба Тоҷикистон, Афғонистон, Бангладеш, Ироқ ва Покистон, доимо нав карда мешавад. Ҳама маълумоте, ки дар ин дастур мавҷуд аст, дар вақти интишор дуруст аст, аммо баъдтар марбут ба маълумоти нах тағйир дода мешавад.

Odoo - Sample 1 for three columns

Афғонистон 

Рӯйхати курсҳо барои муҳоҷирони афғон.

Odoo - Sample 1 for three columns

Бангладеш

Рӯйхати курсҳо барои муҳоҷирони бангладешӣ.

Odoo - Sample 1 for three columns

Ироқ

Рӯйхати курсҳо барои муҳоҷирони ироқӣ.

Odoo - Sample 1 for three columns

Покистон

Рӯйхати курсҳо барои муҳоҷирони покистонӣ.

Odoo - Sample 1 for three columns

Тоҷикистон

Рӯйхати курсҳо барои муҳоҷирони тоҷик.